Сценария барои соли нав

Соли нав (2019) Мархабо эй соли на хуш омади! Як чавони навча дар чуш омади, Омади, хуш омади мехмон

Соли нав (2019)

Мархабо эй соли на хуш омади!
Як чавони навча дар чуш омади,
Омади, хуш омади мехмони нав,
Як даме бинмо тановул чони ман.

Соли нав табрикот

Дар гирди Арча

Дар гирди арча
Ман шеър хондам.
Дар раксу бози
Акиб намондам.

Кулвори худро
Даррав кушод у.
Хирсаки ачиб
Тухфа бидод у.

БОДО МУБОРАК

Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, икболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шури нав бо боли нав.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Бар дар омад «Барфак»-и чомасапед,
Хамрахи «Бобои барфи» бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Вах, чи хусни дилрабову дилфиреб.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Арчахои сабз кад афрохта,
Базми соли нав басе афрошта.
Нагмаю тору рубоб бинвохта,
Кудакон аз барф Бобо сохта.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Соли нав бодо муборак, дустон,
Хамдиёрони азизу мехрубон.
Марду зан, хам кудаку пиру чавон,
Ин сухан Гулгунча мегуяд зи чон.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

soli-nav

СОЛИ НАВ МУБОРАК

Хуш омад Соли Нав бар хонаи мо,
Умеди тозаи хар пиру барно.
Чахон аз макдамаш хусни дигар ёфт,
Шукуфон шуд ба дил боги таманно.
Муборак давлату икболи неку,
Пайи парвози нав шахболи неку.
Муборак соли нав,ай миллати манн,
Муборак бар  Шумо сарфоли неку.
Чу барф армонатон испед бодо!
Мунаввар аз гули хуршед бодо!
Хушо ин солу садхо соли дигар,
Сафои зиндаги човид бодо!

СОЛИ НАВ ТАБРИК

Гуши дил бодо Шуморо бар садои зиндаги,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндаги.
То хирад бошад Шуморо рахнамои зиндаги,
Бар Шум обо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин солее ба хар точик бод!
Тифлаку гахвора бошад хонаорои Шумо,
То суруди алла бошад шахди овои Шумо,
Хам зи бори гам нагардад сарви болои Шумо!
Дар мухаббатхонаи дилхо бувад чои Шумо,
Дар панохи сулх бошад  бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некутарин соле ба хар точик бод!

ШЕЪР ДАР БОРАИ СОЛИ НАВ

Эй зимистон тез-тез
Барфаки худ рез-рез
Бодаки сардак вазон
Дарё ях кунад аз он

Конки гирам ба поям
Ба руи ях бароям
Яхмолакбози кунам
Хуб даву този кунам

Зимистони кахратун
Ту бо ман шухи накун
Ман аз ту наметарсам
Аз хунук намеларзам

Конкии ман зебои
Конкии ман тезпой
Аз баланди мепари
хар чо хохам мебари

Ба кух хам мебарои
Аз чари мефарои
Наметарасам аз хеч чиз
Мепарам чун боди тез

Намекобам чои гарм
Напушам палтои гарм
Охир ман варзишгарам
Ру руи ях мепарам

СОЛИ НАВ – ШЕЪР БАРОИ КУДАКОН

Соли нав омад,дили худ шод кун,

Хирмани дарду аламат бод кун.
Чехра намо, то ки фидоят шавам,
Куштаи сад нозу адоят шавам.

Соли кухан даргузашт,
Зиндаги аз сар гузашт.
Ишваи дилбар гузашт
Соли нав муборак!

Согари хурсанди бигир нуш кун,
Пас ба садои дили манн гуш кун.
Дар  асари соли кухан чони ман
Он чи гузаштааст фаромуш кун

Соли кухан дар гузашт
Зиндаги аз сар гузашт.
Ишваи дилбар гузашт
Соли нав муборак!

Арчаи сарсабз ба ноз омада,
Хамчу арусе ки ба роз омада.
Ин дили ман бо кадами соли нав
Пеши рухат бахри ниёз омада

Соли кухан даргузашт,
Зиндаги аз сар гузашт
Ишваи дилбар гузашт
Сози нав муборак!

Соли Нав

Соли Нав ин яке аз идҳои қадимтарини дунё буда, таърихи зиёда аз 5 ҳазор соларо дорад ва дар ҳар як давлат ӯ ҳаргуна буда дар санаҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Масалан дар Тоҷикистон Соли Нав 2-маротиба ҷашн гирифта мешавад ва ин ҳам бошад, 1-уми январ аст ва ҳам иди Наврӯз, ки санаҳои 21-24-уми март ҷашн гирифта мешавад. Дар Хитой бошад, онҳо ҷашнгирии иди Соли навро мисли Тоҷикистон ҳам 2-маротиба аз ҷумла соли навии Хитоӣ, ки моҳи феврал аст ва соли нави ҷаҳонӣ доранд.

Вале аз ҳама маъмултарин ҷашнгирии Соли Нав ин мувофиқи солшумори Григорӣ, қариб дар тамоми ҷаҳон (ғайр аз чанде аз давлатҳои мусалмонӣ) ҷашн гирфта мешавад ва мутобиқи ин солшуморӣ тамоми вақт (соат) ҳисоботҳои молиявию оморӣ, ҳаракати ҷирмоҳои осмониву заминӣ ба қайд гирифта мешаванд. Имрӯзҳо мутобиқи солшумории Григорӣ нисфи зиёди адабиётҳои ҷаҳон ба ҳисобу китоби вақт такя менамоянд.

Худ таҷлилгирии соли нав, таърихи зиёда аз панҷ ҳазор солро дар худ соҳиб буда, дар адабиётҳои таърихӣ оиди он як қатор маълумот сабт шудааст. Дар замонҳои қадим, ки тақрибан солҳои 3000-ум пеш аз мелодро дар назар дорад дар сарзаминҳои Байнаннаҳрайн, ки қисми ғарбии мулки мардуми форсизабонро он замонҳо ташкил мекард, ин чорабинӣ тантанавор ҷашн гирифта мешуд. Оғози Соли нав он давраҳо охири моҳи март – аввали баҳор, дар давраи оғози мавсими кишту кор, давоми 12 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Он рӯзҳо мардум либосҳои деҳқониро ба бар карда, дар даст олотҳои кишоварзӣ ва санъаткориро гирифта ба соҳилҳои дарёи Ефрот ва Тигри баргашта бо об пуршаванда мебаромаданду хурсандӣ мекарданд.

Чӣ хеле ки мебинед, маҳз мардуми форсзабону араб дар пайдоиши соли нав асосгузоранд. Баъдан мардуми Аврупо ин идро ба фарҳанги худ қабул карданд. Дар давраи ҳукмронии шоҳи румӣ Юлий Сезар (2050 сол пеш) солшуморӣ нав таҳия шуда то андозае такомул ёфт ва аз ҳамон давра бо номи ҳамон шоҳ гузошта шуда, ҷашнгириаш ба 1-уми январ баробар буд. Яъне солшуморие, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, маҳз ба ин шоҳ таалуқ дошта, бо номи солшумории Юлианӣ маъруф аст. Солшумории Юлианӣ бар ивази солшумории Румӣ ворид карда шуд, ки он ҳам дар навбати худ сарчашмааш аз солшумории Мисриҳо сарчашма мегирифт.

Барои мувофиқ кардани солшуморӣ бо гардиши замин дар гирди офтоб, аз ҷониби пешвои динии Католикҳо – Григорий XIII, соли 1582 ба солшумории Юлианӣ тағйиротҳо ворид карда шуда, ислоҳоти аввал байни 4 мамолик барои солшумории нав ворид карда шуд, ки он баробари 365,24 рӯз ба 1 сол баробар карда шуд. Баъдан ин солшумории ислоҳшуда бо номи солшумори Григорӣ байни дигар давлатҳои дунё паҳн шудан гирифт.

Солшумории Григорӣ пас аз оне ки сарзамини тоҷикон ба империяи Руссҳо ворид гадид ба оғози ҷашнгирии ин намуди солшуморӣ шурӯъ карда шуд, чунки маҳз ин намуди солшуморӣ дар фарҳанги русҳо пештар ворид шуда буд. То ин дам солшумории мусалмонӣ (моҳтобӣ) ва солшумории форсизабониҳо (Наврӯз), ки аз ҳиҷрати офтоб вобаста аст дар сарзамини тоҷикон таҷлил карда мешуд.

Соли наватон муборак!!!


Чоп шуд: 31/12/2016

Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун армуғони солинавӣ бароятон тақдим мекунем.

Соли Нав муборак бошад!!!

Аз пушти дара барфи сапед омадааст,
То бар сари шохасори бед омадааст.
Дарвозаи дил кушо ба истиқболаш,
Соли нави мо ҳам ба умед омадааст.

Эй кошки соли нав биёрад шодӣ,
Сад боғ шукуҳу сад замин ободӣ.
Гардида ба омад омадои аҷабаш,
Хонем барои ҳам муборакбодӣ.

Мурғе ба сари шохаи бед омадаст,
Дар лаб ғазали сабзи умед омадааст.
Ҳар лаҳза суруди соли нав мехонад,
Чун бо пару бо боли сапед омадааст.

Ва инак, моему гулҷушиву гулбезӣ ва гулрезии ҳазорон орзуву умед дар истгоҳи соле, ки меравад ва соле, ки ворид мешавад. Ин гоҳ ва фурсатҳои ҳузури боз як замонаи сапеду рӯшан ҳамеша шавқҷӯши таманноҳост ва хостгоҳи милёнҳо дархост ва ормонҳое, ки дар фосилаи 365 рӯзи дигар бояд дар меҳвари амал қарор бигиранд ва зиндагониро рангину гуворо созанд. Ва пушти девори соатҳову сонияҳои дигар соли нав ҳам бо умедҳои зиёде дари моро мекубад, то бо ваҳдати ормонҳои ҳамдигар вуҷудашро муҷаллову рӯшан гардонида, дар саҳифаҳои таърих нақши зарҳалӣ бибандад, чун ҷилову нусрат ва шарофату саодат ва наҷобати солҳо ҳамеша бар пайкорҳои мо сахт марбут аст.

Умедворам, ки ваҳдати орзуҳову ормонҳо ва ниятҳои ҳамаи мову Шумову Соли нави милодӣ як фосилаи воқеан гулҷӯшу рангобарангу мубарҳану музайянро дар рўзгорамон нақшбандӣ бикунад, то пас аз 356 рўзи дигар боз ҳам бо кӯлбори аз ин бештари ниёишҳову таманниёт барои ҳамдигар бо сабки нав ба қавли мардуми шарифамон муборакбодӣ хонем. Худованди бузург ҷамъи моро бидуни парешониву каммиву костӣ то соли дигар бирасонад ва ҳамагон дар доиман дар баҳористони муроду ормонҳои хеш иқомат дошта бошед, дӯстони азиз.
Соли нав, иқболи нав ба ҳамагон хуҷаста бошад!

Гузоштани арчаи солинавӣ дар замони Шӯравӣ ба ҳукми анъана даромада буд. 
Ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ гузоштани арача ва оро додани он чун рамзи Соли нав маъруфият пайдо кардааст. Гузоштани арчаи солинавӣ ба мардум хеле писанд аст ва аз ин рӯ, солҳои зиёд аст, ки чун рамзи Соли нав дар арафаи ин иди зебо дар маркази ноҳияву шаҳрҳо арчаи солинавӣ гузошта мешавад. 
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки шуморо бо ин «дарахтони ҳамешасабз» — и кишварҳои Осиёи Марказӣ ошно кунем.

Тоҷикистон

Ҳамасола Соли нав сокинони Душанберо ба майдони марказии пойтахт – Дӯстӣ ҷамъ меоварад.

Чун имсол дар Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, арчаи имсолаи Душанбе низ дар маркази шаҳр бо баландии 30 метр қомат афрохт.

Ин арачаи солинавӣ бо бозичаҳо оро наёфтааст, аммо бо истифода аз технологияи муосир дар дохили он хонаи Бобои барфӣ сохта шудааст. Яъне Бобои барфӣ меҳмононро дар даромадгоҳи он самимона пешвоз мегирад.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон арчаи солинавӣ имсол дар берун аз шаҳр қомат афрохт. Ин арча дар вилояти Қибрай дар боғи «Ӯзбекистони нав»  гузошта шуд. Баландии он 35 метр буда, беруни он бо экрани LED оро дода шудааст, ки дар он метавонед тасвирҳои зеборо тамошо кунед.

Дар боғи «Ӯзбекистани нав» инчунин майдончаи ях низ сохта шудааст. Дар рӯзҳои соли нав бошад сокинон ва меҳмононро гузашти солинавии Бобои Бафрӣ интизор аст.

Қазоқистон

Арчаи солинавӣ ба таври рамзӣ дар наздикии намоишгоҳи ЭКСПО, дар назди майдони «Нур Алем» ҷойгир шудааст. Баландии ин дарахти зебои ҳамешасабз 25 метр буда, чароғи анъанавии идона 19-уми  декабр афрӯхта шуд.

Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ сокинони пойтахт ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи ин кишварро тамошо намуданд.

Қирғизистон

Имсол арчаи асосии солинавии Қирғизистон дар майдони Ала-Тоои Бишкек гузошта шуд. Баландии он 25 метр аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Бишкек ҳамасола гузоштани арчаи 15-метра дар назди бинои Жогорку Кенеш ва арчаи 11-метра дар назди Филармонияи миллии ба номи Токтогул Сатилганов ба ҳукми анъана даромадааст.

Туркманистон

Арчаи солинавии имсола дар кишвари Туркманистон дар маркази шаҳраки афсонавии Älem гузошта шудааст, ки  ҳамасола чорабиниҳои солинавӣ маҳз дар ҳамин ҷо баргузор мешаванд. Баландии арчаи асосии солинавӣ дар Туркманистон ба 38,5 метр мерасад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир арчаҳои солинавии кишвари Туркманистон   аз лиҳози баландӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷойи аввал қарор доранд.

Дар рӯзҳои ҷашни Соли нав ин рамзи сарсабзу дурахшон барои сокинон ва меҳмонони Ашқобод макони тамошобобу дӯстдоштанӣ мегардад. 

Аҳли эҷоди  “Halva” ба кулли хонандагони хушзавқи худ Соли навро муборакбод мегӯяд!

Понравилась статья? Поделить с друзьями:
  • Сценки про учителей смешные сценарий
  • Сценарист праздников обучение
  • Сценки про студентов сценарии
  • Сценарист массовых праздников
  • Сценки на юбилей 60 лет мужчине прикольный сценарий готовый

  • 0 0 голоса
    Рейтинг статьи
    Подписаться
    Уведомить о
    guest

    0 комментариев
    Старые
    Новые Популярные
    Межтекстовые Отзывы
    Посмотреть все комментарии